Дар шаҳри Пекин анҷумани 18-уми Ҳизби Коммунисти Чин оғоз ёфт, ки дар он насли нави раҳбарони ин кишвар муаррифӣ мешаванд. Анҷуманро, ки дар 5 сол як маротиба баргузор мешавад, Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин, раиси феълии Ҳизби Коммунист бо нутқи расмӣ ифтитоҳ кард. Бисёре аз таҳлилгарон интизор доранд, ки Хи Ҷинпинг, муовини раиси ҷумҳур ва Ли Кекианг, муовини нахуствазири Чин аз раҳбарони ояндаи Ҳизби Коммунисти Чин хоҳанд шуд. Интизор меравад, Хи Ҷипинг, ки моҳи апрели соли оянда ба мақоми раиси ҷумҳури Чин мерасад, дабири кулли Ҳизби Коммунист интихоб мешавад ва Ли Кекианг нахуствазир. Анҷумани Ҳизби Коммунисти Чин дар толори бузурги мардумии Пекин сурат мегирад ва дар 2200 вакил ҳузур хоҳанд дошт. Чин айни замон дуввумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аст.