Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Рӯзҳои беҳтар барои Амрико дар пеш аст


Барак Обама
Барак Обама
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико Барак Обама-номзади демократҳо пирӯз ва барои чаҳор соли дигар раиси ҷумҳур интихоб шуд. Вай дар ин интихобот Митт Ромнӣ-номзади ҷумҳурихоҳонро шикаст дод.

Обама баъд аз эълони пирӯзӣ дар ҳузури ҷонибдоронаш дар шаҳри Чикаго суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт:

“Имшаб дар ин интихобот шумо, мардуми Амрико ба мо ёдоварӣ кардед, ки бо вуҷуди душвории роҳ, бо вуҷуди тӯлонӣ будани роҳ мо худро боло гирифтем, мо дубора ба роҳи пирӯзӣ ворид шудем ва қалбҳои мо дар вуҷудамон эҳсос мекунад, ки рӯзҳои беҳтар барои Амрико дар пеш аст”.

Митт Ромнӣ дар ситоди интихоботии худ дар Бостон бохти худро эътироф кард.
Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, натиҷаҳои интихобот ба ҳам наздик аст. Обама 50 дарсад ва Ромнӣ 49 дарсад рай гирифтаанд.

Бино ба ҳисоби тақрибӣ, Обама ва Ромнӣ дар маъракаҳои интихоботии худ 2,5 миллиард доллар сарф кардаанд.
XS
SM
MD
LG