Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабирро барои чопи хабари дурӯғ аз кор ронданд


Томаш Врублевский, сардабири рӯзномаи “Rzeczpospolita”, чопи Варшава, ва се хабарнигори нашрия барои чопи иттилои бардурӯғ аз кор ихроҷ шуданд.

Рӯзнома 30 октябр дар бораи аз сӯи муфаттишон ошкор шудани пайи маводи тарканда дар ҳавопаймои раисиҷумҳур Лаҳистон, ки моҳи апрели соли 2010 дар канори шаҳри Смоленски Русия суқут карда буда, хабар дод. Аммо намояндаи додситонии низомии Лаҳистон полковник Иренеуш Шелянг ин иттилоъро қатъӣ рад кард. Баъди ин рӯзнома чопи матлабро “иштибоҳ” номид.

Ҳангоми суқути ҳавопаймо дар канори Смоленск 96 нафар, аз ҷумла, раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качински, ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG