Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусони гурҷӣ даҳонҳояшонро дӯхтаанд


 Зиндони Руставӣ
Зиндони Руставӣ
Дар маҳбаси шаҳри Ксании Гурҷистон ба нишони эътироз камаш 15 маҳбус даҳонҳояшонро дӯхтаанд. Ба қавли онҳо маъмурияти маҳбас ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад. Рӯзи якшанбе издиҳоми хешовандони маҳбусон саъй намуданд, зӯран вориди зиндон шаванд, вале нозирони маҳбас садди роҳи онҳо шуданд. Ҳамлакунандагон як нозирро шадидан лату кӯб кардаанд.
Ҳомии ҳуқуқи гурҷӣ Георгий Лордкипанидзе, ки бо маҳбусон вохӯрдааст, рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, эътирозгарон талаб доранд, ки маъмурияти зиндон иваз шавад. Ҳафтаи гузашта ҳамин гуна эътироз дар зиндони шаҳри Руставӣ боиси барканории маъмурони зиндони ин шаҳри ҷанубу шарқии Гурҷистон шуда буд.
XS
SM
MD
LG