Пас аз дидор бо сарбозони итолиёӣ, нахуствазир Марио Монти ба Кобул рафт ва бо Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон мулоқот кард. Баъди ин гуфтугӯ, раҳбарони ду кишвар ба назди хабарнигорон ҳозир шуданд ва Марио Монти гуфт, кишвараш баъди хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 Афғонистонро танҳо нахоҳад гузошт: “Муҳим аст, то муносиботи Афғонистон ва ҷомеаи байналмилал, бо назардошти шароити нав, тағйир ёбад, вале ин муносибот набояд қатъ шавад. “
Ба гуфтаи Марио Монтӣ, баъди хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, муносибот бо ин кишвар бояд на фақат дар заминаи кӯмакҳои низомӣ, балки бештар дар заминаҳои иқтисодӣ бошад. Нахуствазири Итолиё созишномаи ҳампаймонии кишвараш ва Афғонистонро ёдовар шуд, ки моҳи январ дар шаҳри Рум ӯ ва Ҳомиди Карзай имзо карданд.
Марио Монти афзуд, ҳамкориҳои баъди соли 2014 дар заминаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла истихроҷи манобеъи табии Афғонистон ва ҳам бунёди ниҳодҳои ҳукуматӣ хоҳад буд, то ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ба пойи худ биистад ва устувортар шавад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар нишасти хабарии шаҳри Кобул аз кӯмакҳои мардуми Итолиё изҳори сипос кард ва гуфт, дар тайи 10 соли гузашта Итолиё ба Афғонистон 500 миллион доллар кӯмак кардааст.
Ӯ дар бораи мулоқоташ бо Марио Монти гуфт: “Дар мавриди Афғонистон, интихоботи оянда ва прусаи интиқол (ба ихтиёри нерӯҳои афғон додани масъулиятҳои таъмини амният) сӯҳбат кардем. Ба мисле, ки мо мутмаин будем, инҳо ҳам мутмаин буданд, ки иншоолоҳ Афғонистон худро бо дасту пойи худ ба пеш мебарад.”
Марио Монти, нахуствазири Итолиё гуфт, ки умедвор аст, интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар соли 2014, як далели дигаре барои нишон додани пешрафти ин кишвар хоҳад шуд. Интихоботҳои пешини раиси ҷумҳурӣ ва порлумони Афғонистонро олуда ба тақаллубу қонуншиканиҳои фаровоне хондаанд.
Ҳомиди Карзай, дигарбора таъкид кард, он нозирони хориҷие, ки дар гурӯҳи таҳқиқи тақаллубҳои интихоботҳои гузашта буданд, аз ин гурӯҳ хориҷ карда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, роҳ додани хориҷиён ба чунин ниҳоди муҳим, таҳдиде ба истиқлоли Афғонистон хоҳад буд. Итолиё дар Афғонистон се ҳазору панҷсад сарбоз дорад ва мехоҳад, онҳо низ то поёни соли 2014 ҳамроҳ бо дигар нерӯҳои хориҷии ба раҳбарии НАТО, Афғонистонро тарк кунанд. Нерӯҳои Итолиё дар ҷанги 11-сола алайҳи Толибон, 52 сарбози худро талаф додаанд.