Корзори тарғиботии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе ба поён мерасад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Митт Ромни бар асоси назархоҳиҳо, тақрибан тарафдорони баробар доранд, агарчӣ ҳаводорони Барак Обама, дар баъзе аз аёлатҳои ба истилоҳ “калаванда” дар Иёлоти Муттаҳида андаке бештар будаанд, ки нақши раъйи онҳо барои интихобот сарнавиштсоз аст. Барак Обама, рӯзи якшанбе дар Ню Ҳемпшир, яке аз чунин вилоятҳо гуфт, саъйи зиёд хоҳад кард, то дар зиндагии мардум дар Амрико тағйири воқеъӣ сурат бигирад. Митт Ромни ба раъйдиҳандагон дар вилояти Оҳайо гуфт, Барак Обама дар даври аввали раёсати ҷумҳуриаш пешрафти андаке доштааст ва набояд дуввумбора интихоб шавад.