Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Аббос бо изҳороте Ҳамосро асабонӣ кард


Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин, мегӯяд, ӯ дигар ҳаққи бозгашт ва зиндагии доимӣ ба зодгоҳашро надорад, ки ҳоло як гӯшае аз қаламрави Исроил аст. Дар мусоҳибае бо телевизионни Исроил, Маҳмуд Аббос гуфт, ин ҳаққи ӯст, ки барои “дидани” зодгоҳаш шаҳри Сафед биравад, аммо дигар ҳақ надорад, барои зиндагии доимӣ ба онҷо баргардад. Маҳмуд Аббос замони кӯдакиашро дар шаҳри Сафед, ҳоло дар шимоли Исроил сипарӣ кардааст, вале хонаводааш вақти ҷанги соли 1948, ки ба таъсиси Исроил замина гузошт, он шаҳрро тарк карданд ва дигар барнагаштанд. Талаби миллионҳо фаластинӣ барои бозгашт ба ин сарзаминҳо, ки ҳоло аз Исроиланд, яке аз монеаҳои аслӣ дар музокироти сулҳи Ховари Миёна аст. Исроил мегӯяд, чунин коре имкон надорад. Изҳороти Маҳмуд Аббосро, гурӯҳи исломии Ҳамос маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG