Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ванҷ: Шаҳраки Ваҳдат беодам монд


Шаҳраки Ваҳдат дар ноҳияи Ванҷ
Шаҳраки Ваҳдат дар ноҳияи Ванҷ

Сокинони шаҳраки Ваҳдат хонаҳои нави худро тарк карда, ба манзилҳои се сол пеш аз зилзила харобгаштаашон баргаштаанд.

Кӯчаҳои холӣ ва қулф ба дари аксари манзилҳо манзараи имрӯзаи шаҳраки Ваҳдат аст, ки барои хонаводаҳои аз зилзила зарардидаи ноҳияи Ванҷ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ бунёд шуда буд. Онҳое, ки барояшон дар ин ҷо хона дода шуд, пас аз чанд муддати зиндагӣ, шаҳракро тарк карда, ба маҳалли зисти пешинаи худ баргаштанд.

Ҳоло дар ин ҷо танҳо 10 оила боқӣ мондааст, дар ҳоле ки шаҳрак барои 138 хонавода сохта шудааст. Одамон барои он ба хонаҳои нимавайрона ва хатарнок бартарӣ доданд, ки манзилҳо дар шаҳрак аз оби ошомиданӣ маҳрум будааст.

Ба гуфтаи сокини деҳаи Гишхун Моҳира Ардабаева, "баъзе шароитҳо нест, мо дар ин шаҳрак як сол зиндагӣ дорем, оби тозаи нӯшиданӣ тамоман нест, кӯдаконамон тез-тез касал мешаванд. Барои ҳамин мардум ба ин ҷо намеоянд."

Мактаби шаҳраки Ваҳдат ҳамагӣ 15 талаба дорад
Мактаби шаҳраки Ваҳдат ҳамагӣ 15 талаба дорад
Аммо нишонаи "ваҳдат" ё якпорчагӣ дар мактаби шаҳрак, ки барои зиёда аз 100 талаба сохта шудааст, бармало аз худ дарак медод. Дар ин мактаб 15 талабаи аз синфи як то чорро якҷоя дар як синф дарёфтем. Моҳира Арбабаева, омӯзгори мактаб мегӯяд, "15 талаба дорем -- 3 писар ва 12 духтар. Синфҳои як ва се ва ду ва чор якҷоя мехонанд. Барои яке кори мустақилона медиҳем, барои дигарон баёни мавзӯи нав."

Волидони муҳассилине, ки соли оянда ба синфи панҷ мегузаранд, нигаронанд, ки бинобар набуди талаба ва омӯзгор онҳо маҷбур мешаванд, фарзандонашонро ба масофаи бештар аз 7 километр ба мактаби деҳаи наздиктарин баранд. Ба гуфтаи сокини деҳаи Гишхун, Исроил Исмоилов, маҳаллаи нав, ки Сурхсангов ном дорад, тобистон аз ҳад зиёд гарму дар зимистон баръакс хеле сард аст. Ба бовари вай, шароитҳои хубтари боғдорӣ ва дар бари маркази ноҳия ҷой гирифтани деҳоти аз зилзила зарардида, ки бархе аз сокинони он дар идораву муассисот кор мекунанд, аз сабабҳои дигари монеа дар роҳи кӯч бастани сокинон ба шаҳрак гардидааст.

Аммо ба назари сокини шаҳрак Сайлон Алиева барои соҳибони манзилҳое, ки калид ба даст гирифтанд, баҳонае барои табдил додани ин хонаҳо ба "бӯстотнсаро" ё "дача"-и тобистона вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, "ҳама чиз ҳаст, об ҳаст, замин ҳаст, барқ ҳаст, намеоянд."

Ба гуфтаи муовини раиси ноҳия Азим Шамсиддинов дар ин шаҳрак 138 манзили истиқоматӣ бунёд гардида, 54-тоашон бо тамоми шароит дар ихтиёри зарардидагон аз зилзила гузошта шуданд. Аммо Умед ном як ҷавони сокини шаҳрак, ки ба таъмири манзилаш машғул асту дар он бо фарзандонаш зиндагӣ дорад, бо ҳасрат ба хонаҳои тайёри қулфашон овезон менигарист ва аз мансабдорон домангир буд, ки ба вай барин эҳтиёҷмандон додани манзили тайёрро раво надиданд.

Бархе аз сокинони ноҳия ба кӯчаҳои холии шаҳрак нигариста, ба ояндаи он бо ноумедӣ менигаранд ва мегӯянд, интихоби ҷойи номуносиб ин тарҳи хубро ноком кардааст. Аммо мақомот бар инанд, ки шаҳрак солҳои наздик ба ҷойи аз ҳама серодам табдил хоҳад шуд. Онҳо дар канори шоҳроҳ ҷойгир будани шаҳрак ва фаъол шудани бозори марзӣ бо Афғонистонро, ки ба шаҳрак наздик аст, аз омилҳои шукуфтани ҳаёти шаҳрак меноманд. Ҳамчунин, интизор меравад, дар наздикии ин маҳал корхонаи соруҷ бунёд шавад.

Раиси собиқи ноҳия Нарзулло Ҷонов ҳатто эълом доштааст, ки дар оянда агар риштаи зимомодорӣ дар дасташ боқӣ бимонад, маркази ноҳияро ба шаҳраки нав мекӯчонад. Аммо айни ҳол ба шаҳраки беодами Ваҳдат хатари селу обхезӣ таҳдид мекунад. Вазорати обу обёрии ҷумҳурӣ барои ҷилавгирӣ аз офат қариб 700 ҳазор сомонӣ фиристодааст, то соҳилҳои рӯди Ванҷ мустаҳкам карда шаванд.
XS
SM
MD
LG