Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан


Беш аз 180 ҳоҷии тоҷикро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе хешу пайвандонашон бо ашки шодӣ истиқбол гирифтанд.

Субҳи барвақти рӯзи панҷшанбе, якуми ноябр, нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик, иборат аз 182 нафар, аз Арабистони Саудӣ ба Ватан омаданд. Дар миёни онҳо, ҳашт бемори вазнин, аз ҷумла Наргиза Ахмедова, аз ноҳияи Панҷакент ва М.Сулаймонов, аз ноҳияи Рӯдакӣ низ будаанд.

Бино ба иттилои сардухтури ҳайати табибони ситоди Ҳаҷ-2012, Расул Назиров, рӯзи 31-уми октябр ҳоҷӣ Абдуллоев, зодаи шаҳри Турсунзода, дар натиҷаи хуруҷи бемории дил аз дунё даргузаштааст. "Маросими ҷанозаи марҳум дар масҷиди Ҳарам бо иштироки намояндаҳои Тоҷикистон ва ҳазорон нафар ҳоҷиёни намозгузор барпо гардид",-гуфта шудааст дар торнамои расмии Кумитаи дини Тоҷикистон.

Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, имсол барои зиёрати Хонаи Худо 6 ҳазор нафар рафта буданд ва то нимаи дувуми моҳи ноябр ҳамаи онҳо бо навбат ба кишвар бармегарданд. Қарор аст, охирин ҳавопаймои ҳомили ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 18-уми ноябр ба хоки Тоҷикистон фуруд ояд.

Барои истиқбол аз нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик даҳҳо тан ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе рафта буданд. Дар қатори онҳо, хабарнигори "Озодӣ" ҳам ба истиқболи ҳоҷиёни тоҷик рафта буд ва ин видеоро барои мо овардааст, ки ҳамаи ин ҳолатро бо чашмони худ бубинем:

Нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан омаданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00
Линки мустақим

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG