Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари мухталифи Порису Маскав ба сарнавишти Асад


Лоран Фабиус ва Сергей Лавров
Лоран Фабиус ва Сергей Лавров
Бар асари таркиши мотосикл дар канори як оромгоҳи шиаҳо дар канори Димишқ дасти кам 8 нафар кушта ва тақрибан 15 тани дигар марӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Ҳамзамон дар Ҳалаб, Ҳумс ва дигар шаҳрҳои Сурия даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ идома доранд.

Дирӯз дар Порис вазъи Сурияро вазирони умури хориҷии Фаронсаву Русия баррасӣ карданд. Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, ки Порису Маскав дар мавриди мақоми раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар ҳукумати давраи гузариш дар мавқеъҳои мухталиф қарор гирифтанд – Русия барои боқӣ мондани ӯ пойфишорӣ дорад, Фаронса – истеъфои раҳбари Сурияро шарти асосии таъсиси ҳукумати давраи гузариш мехонад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Сергей Лавров, ҷонибҳо эълом доштанд, ки бо дахолати низомии беруна ҳалли қазияи Сурия номумкин аст.
XS
SM
MD
LG