Иттиҳодияи Аврупо ба манзури таъмини кумакҳои ғизоӣ ба беш аз 85 000 сокини камбизоати Тоҷикистон 2 миллион евро ҷудо кардааст. Ин кумак ба қишрҳои осебпазири мардум дар фасли сармо тавассути Барномаи ғизои СММ расонда хоҳад шуд. Бино ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, 46 дарсади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр, яъне бо камтар аз 2 доллар даромади рӯзона, ба сар мебарад.