Муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев гуфт, дар нишасти 11 -12 декабри Шӯрои умумии Созмони ҷаҳонии тиҷорат(СҶТ) Тоҷикистон расман ба узвияти ин созмон даъват хоҳад шуд, вале пайвастанаш ба ин ниҳоди ҷаҳонӣ шояд ягон 6 моҳи дигарро дар бар гирад. Гурӯҳи кории СҶТ дирӯз ҷадвали замонии пазироии Душанбе ба узвияти СҶТ-ро тасвиб кард ва ин созмон эълом кард, ки . дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба ин ниҳоди ҷаҳониро ғолибан дар моҳи декабр хоҳад пазируфт. Раҳбари СҶТ Паскал Ламӣ дар баёнияаш гуфт, “пайвастан ба СҶТ Тоҷикистонро сароҳатан ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми ҷаҳонии тиҷорат пайваста, муҳити бозу шаффоф ва бидуни табъизро таъмин хоҳад кард.” Ӯ афзуда, ки “Тоҷикистон ҳамчун узви СҶТ барои истифодаи тиҷорат ба ҳайси василаи рушду пештар монанди дигарон соҳиби мавқеъи беҳтаре хоҳад шуд.” Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 ба СҶТ дархости узвият дода буд.