Тӯфони “Сэнди” ба соҳилҳои шарқии Амрико расид. Гуфта мешавад, ки баландии мавҷи об дар соҳилҳои Ню-Ҷерсӣ то 4 метр расидааст. Бархе аз хиёбонҳои Ню-Йорк ва Атлантик-сити зери об мондаанд.
Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед изҳор намуд, ки тӯфон нерӯманду ваҳшатнок хоҳад буд, аз ин рӯ мардуми иёлоти шарқӣ бояд барои ба мавзеъҳои амн кӯч бастан ҳарчӣ зудтар тасмим бигиранд. Гуфта мешавад, ки шиддати шамол дар маркази тӯфон 140 километр дар як соатро ташкил хоҳад дод.
Интизор меравад, ки рӯзи сешанбе низ Биржаи саҳҳоми Ню-Йорк баста хоҳад буд. Додгоҳи олии ИМА ҳам кор нахоҳад кард. Дар соҳилҳои шарқӣ бархе аз муассисаҳо корро мутаваққиф кардаанд, парвози ҳавопаймоҳо лағв шудааст ва дар ҳаракати нақлиёт тағйирот ворид намуданд.
Бар асари тӯфони “Сэнди” дар кишварҳои ҳавзаи Кариб беш аз 60 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар баҳри Кариб 9 нафар то ҳол бе ному нишонанд.