Дирӯз порламони Гурҷистон ҳайати нави кобинаи ин кшварро ба тасвиб расонд. Бидзина Иванишвилӣ-миллиардери гурҷӣ нахуствазир интихоб шуд. 88 нафар ба ҷонибдорӣ аз Иванишвилӣ рай доданд. 54 намояндаи дигар аз номзадии вай ҷонибдорӣ накарданд. 8 намоянда дар иҷлос ширкат надоштанд.
Эътилофи мухолифони пешин бо номи “Руъёи гурҷӣ” ба раҳбарии Иванишвилӣ дар интихоботи порламонӣ аз 150 курсӣ 85 курсиро ба даст овард. Вай рӯзи чаҳоршанбе дар иҷлоси порламон гуфт, ки баъд аз 18 моҳи дигар аз сисёсат канор меравад.
Иванишвилӣ қавл додааст, ки сиёсати хориҷии Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳурро, ки аз Ғарб ҳимоят мекунад ва хостори узвияти Гурҷистон дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО аст, ҷонибдорӣ мекунад.