Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозӣ гумонбари ҳамла ба амрикоиҳо кушта шуд


Дар тирандозӣ дар Қоҳира, пойтахти Миср, як шаҳрванди Либия, гумонбари ҳамла ба консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозӣ, кушта шуд. Дар он ҳамлаи рӯзи 11 сентябр чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла, сафири ИМА дар Либия Крис Стивенс, ба ҳалокат расида буданд.

Ба гуфтаи мақомоти Миср, онҳо либиягиро бо номи Ҳозим таҳти назорат қарор доштанд ва рӯзи чаҳоршанбе ӯро дар як манзил дар канори пойтахт муҳосира карданд. Тирандозӣ чанд соат идома кард, баъд аз он дар манзили зист сӯхтор ба амал омад. Кормандони полис баъд аз хомӯш кардани оташ ҷасади сӯхтаи шаҳрванди Либияро пайдо намуданд.

Хадамоти амниятии Миср мегӯянд, ки фарди гумонбар мехост ба нимҷазираи Синай рафта ба яке аз гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ шавад.
XS
SM
MD
LG