Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Картер гуфт, сулҳи Исроилу Фаластин ба бӯҳрон расидааст


Ҷимӣ Картер
Ҷимӣ Картер
Ҷимӣ Картер-раиси ҷумҳури пешини Амрико мегӯяд, раванди сулҳи Исроилу Фаластин ба “марҳилаи бӯҳронӣ” расидааст ва чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил аз ташвиқи тасмим дар бораи ташкили давлати мустақили Фаластин саркашӣ кардааст.

Картер ин нуктаро рӯзи душанбе дар Исроил изҳор дошт. Вай дар таркиби ҳайати раҳбарони пешин, ки бо номи “калонсолон” машҳур аст аз Исроил боздид кард.

Картер солҳои 1977-1981 раиси ҷумҳури Амрико буд ва дар соли 1979 дар сулҳи миёни Исроилу Миср миёнҷигирӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG