Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостааст, ки аз тавзеи “Раҳнамои муҳоҷирони корӣ” худдорӣ кунанд. Дар ин раҳнамо муҳоҷирон дар сурати ҷорӯбу чӯткаи рангмолӣ ва асбоби андова тасвир шуданд ва он ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ва қирғизӣ ба нашр расидааст.
Намояндаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, чунин кор ба сатҳи дӯстиву ҳусни тафоҳуме, ки миёни ду кишвар вуҷуд дорад, мутобиқ нест.
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин ба иштибоҳҳое ишора кардааст, ки дар чопи ин раҳнамо дида мешавад.