Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як вазири ғайбзадаи гурҷӣ аз худ дарак дод


Дмитрий Шашкин
Дмитрий Шашкин
Кафили ғайбзадаи вазорати дифоъи Гурҷистон имрӯз эътироф кард, ки тарки кишвар кардааст. Дмитрий Шашкин дар саҳифааш дар Facebook изҳори умед кардааст, ки ягон рӯз ба Гурҷистон бармегардад. Ӯ ихтилофи назараш бо сиёсатмадоронеро, ки дар интихоботи парлумонии 1 октябр ғолиб омаданд, далели тасмими худ ба тарки Гурҷистон номидааст. Дар пайи пирӯзии эътилофи миллиардер Бидзина Иванишвилӣ чанде аз мақомҳои аршади давлати Михаил Саакашвилӣ ғайб заданд. Сухангӯи вазорати дифоъ ҳафтаи пеш гуфта буд, ки Шашкин бо як сафари корӣ ба Амрико рафтааст.
XS
SM
MD
LG