Рӯзи ҷумъа як бомбгузори маргталаб худро дар назди масҷиде дар устони ҷанубии Систону Балуҷистони Эрон тарконд. Дар ин ҳамла ду тан кушта шуданд. Хабаргузории нимарасмии Форс гуфт, қурбониён узви нирӯҳои ниманизомии Басиҷанд. Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, ин ҳамла дар чандсандметрии масҷиди Имом Ҳусейн дар шаҳри бандарии Чобаҳор рух дод. Касе масъулиятро ҳанӯз ба дӯш нагирифтааст, вале гурӯҳи тундрави суннии Ҷундуллоҳ дар гузашта масъули чандин чунин ҳамлаи бузург дар ин устони ҳаммарз бо Покистон гуфта мешуд .