Рӯзи ҷумъа дар иҷлоси куммиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар дар Душанбе ду ҷониб бар сари масъалаи ҷалби шаҳрвандони тоҷик ба бозори кори ин кишвари халиҷи Форс тавофуқ ба даст омада, як ёддошт дар ин замина ҳам имзо шудааст. Аммо созишномаи ниҳоӣ, қарор аст, зимни сафари қарибулвуқӯъи амири Қатар аз Тоҷикистон имзо шавад. Талоши пайдо кардани бозорҳои алтернативӣ барои хоҳишмандони кор аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамасола беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик худро ба Русия мезанад. Соли гузашта ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон аз Русия қариб 3 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст.