Дар чаҳорчӯби марҳилаи дуввуми амалиёти «Нелегал -2012», аз Тоҷикистон аз ҳама бештар шаҳрвандони Чин ва Узбакистон ихроҷ шуданд. Бахши робита ба ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати кории назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 19 октябр ба радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки маъмурони ин ниҳод якҷо бо кормандони Раёсати назоратӣ-ташкилӣ, Раёсати ҷустуҷуӣ-ҷиноӣ ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ амалиёти мазкурро пиёда кардаанд. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёт 8915 шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар 1747 хонаҳои истиқоматӣ, 290 объектҳои сохтмонӣ ва дар 64 меҳмонхона, ҳамчунин дар бозорҳо, марказҳои савдо ва тарабхонаҳо мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Бар асоси ин санҷиш 22 шаҳрванди Чин, 16 шаҳрванди Узбакистон ва ҳамчунин чанд тан аз Русия, Олмон ва кишварҳои дигар бинобар нақзи шароити қонуни муҳоҷирати Тоҷикистон, берун карда шуданд. Ба сурати умум дар давоми ин амалиёт 59 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ бо қарори додгоҳҳои Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карда шудаанд. Марҳилаи дуюми амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони «Нелегал-2012» аз 24 сентябр то 12 октябри соли 2012 идома кард. Дар марҳилаи аввали амалиёти «Нелегал-2012», ҳамагӣ 117 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.