Мақомоти Тоҷикистон 5 нафар шаҳрванди Эронро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд.
Тавре аз Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқоунии маводи мухаддир ба Радиои Озодӣ хабар доданд, таи нӯҳ моҳ дар қаламрави Тоҷикистон 20 шаҳрванди хориҷӣ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд
Манбаъ аз оҷонсӣ гуфт, бори аввал аст, ки шаҳрвандони Эрон дар қаламрави Тоҷикистон бо ин айб дастгир гардидаанд ва алайҳи онҳо парванда боз карда шуд.
Дар ин миён 10 нафари дигар шаҳрвандони Афғонистон боздошт шудаанд, ки бо гурӯҳи қочоқбар дар дохили Тоҷикистон ҳамкорӣ кардаанд ва ё бо қасди фурӯши маводи мухаддир вориди қаламрави мамлакат гардидаанд.
Масъулини Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунинии маводи мухаддир дар қатори хориҷиёни боздоштшуда, инчунин шаҳрвандони Русия, Қазоқистон,Украина ва Узбакистонро ном бурданд.