Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Амрикову Исроил ба размоиши муштарак


Тақрибан 1000 нафар аз сарбозони амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе вориди Исроил шуданд, ки қарор аст, дар инҷо охири ҳамин моҳ тамринҳои муштараки нерӯҳои зиддимушакии Амрикову Исроил баргузор шавад. Размоиши “Чолишҳои сахт 2012” ба хотири тақвияти шеваҳои муҳофизати Исроил аз ҳамлаи мушакҳои кутоҳ ва дурбурд будааст. Дувуним ҳазор сарбози дигари Амрико дар размоиши мазкур дар Аврупо ва ҳошияи Баҳри Миёназамин ширкат мекунанд. Артиши Иёлоти Муттаҳида аз шаҳри суолҳо дар бораи онро, ки оё ин тамринҳо омодагие ба ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон аст, худдорӣ кардааст. Амрико дар тамринҳои мазкур, системаи зиддимушакии пешрафтаи “Патриот” ва киштии ҷангии “Сипар”-ро фиристодааст. Исроил дар тамринҳо системаи худии дифоъи мушакиро истифода хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG