Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон бо Алиев ва Аҳмадинажод мулоқот кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон масъалаи тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегуяд, дар ҷараёни гуфтӯгу, ду тараф ба иҷрои санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаҳои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли ҳамин сол зимни сафари расмии Раҳмон дар Боку ба имзо расид, таваҷҷӯҳ карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев изҳори боварӣ кардаанд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаи нақлиёт, энергетика, саноат ва бахусус истихроҷу коркарди нафту газ рушд хоҳад ёфт. Мулоқот дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳмкориҳои Иқтисодӣ сурат гирифт. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишаст бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG