Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Эрон дар бораи қатъи як парвози "ТоҷикЭйр"


 Алиасғар Шеъдӯст (акс аз бойгонӣ)
Алиасғар Шеъдӯст (акс аз бойгонӣ)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи дар чорчӯби таҳримоти Ғарб алайҳи Ҷумҳурии исломӣ қатъ шудани парвози Душанбе –Теҳрон аз ҷониби ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистонро радд кардааст. Алиасғар Шеъдӯст ба хабаргузории расмии ИРНО сабаби анҷом нашудани парвози рӯзи сешанберо “сӯъитафоҳум дар Теҳрон ва Душанбе” номида ва афзудааст, ки ин парвоз рӯзи шанбе пурра барқарор шуд.
Ношири ин хабар - сомонаи Press TV мегӯяд, қатъи парвоз дар хатти Душанбе-Теҳрон мояи тафсирҳое дар матбуоти Тоҷикистон ва Ғарб шуд, ки гӯё “ТоҷикЭйр” бо ин аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят мекунад ва қатъи парвозашро ба уфти башиддати қурби риёл робита медиҳад. Ба гуфтаи Шеърдӯст, ҳар ҳафта аз Душанбе ба Теҳрон 4 парвоз анҷом мешавад – рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз ҷониби “ТоҷикЭйр” ва рӯзҳои душанбеву панҷшанбе – тавассути ширкати эронии “Осмон.”
XS
SM
MD
LG