Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қоидаҳои шадидтари вуруди муҳоҷирон ба Русия


Ду вакили Думаи давлатӣ ба ин маҷлиси поёнии парлумони Русия тарҳеро пешниҳод кардаанд, ки қоидаҳои шадидтар дар роҳи вуруди муҳоҷирони хориҷӣ ба ин кишварро ба ҳадаф дорад. Тарҳи пешниҳодии Ирина Яровая ва Александр Хинштейн, ки ҳарду аз ҳизби ҳокими Русияи воҳид намояндагӣ мекунанд, манъи вуруди афроди маҳкумшуда ва ҳам ихроҷшудагонеро дар назар дорад, ки пули ихроҷашонро ба давлати Русия ҳанӯз барнагардондаанд. Тибқи ин тарҳ, дарҳои Русия бояд ба рӯи онҳое ҳам, ки дар қаламрави ин кишвар аз асноди қалбакӣ истифода бурдаанд ё аз пардохти молиёту ҷаримаҳо сарпечӣ кардаанд, баста шавад. Тарҳи Яровая ва Хинштейн дар як манзил сабтином кардани шумори зиёди муҳоҷиронро, ки феълан роиҷ аст, манъ карда, алайҳи корфармоёни муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ муҷозоти шадидтаре то ба ҳадди аз муҷаввизи сохтмон маҳрум кардани ширкатҳоро пешбинӣ мекунад.
Аммо то расиданаш ба дасти баррасии Думаи давлатӣ ин тарҳ бояд ибтидо мувофиқати дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русияро ба даст биорад.
Ҳамасола беш аз 1 миллион нафар аз атбоъи Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Соли гузашта ин мардум ба ватан қариб 3 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG