Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Максим Боқиевро дар Лондон дастгир карданд


Максим Боқиев
Максим Боқиев
Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев рӯзи ҷумъа дар Лондон дастгир шуд. Бишкек ӯро бо иттиҳоми тасарруфи миллионҳо доллар маблағҳои давлатӣ ҷустуҷӯ мекунад. Боздошти Максим Боқиев бо дархости давлатҳои Қирғизистон ва Амрико сурат гирифтааст. Байни Бишкеку Лондон қарордоди истирдоди гумонбарон имзо нашудааст ва имкон дорад, ки Боқиевро ба Амрико бидиҳанд. Максим Боқиев, ки дар аҳди падараш раҳбарии ожонси давлатии сармоягузориро дар даст дошт, баъди барканории Қурмонбек Боқиев дар моҳи апрели соли 2010 аз Қирғизистон фирор кард.
XS
SM
MD
LG