Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин озмуни «Карвинг» дар Тоҷикистон


Раҷаб Салимов, барандаи озмуни "Карвинг"
Раҷаб Салимов, барандаи озмуни "Карвинг"

Дар доираи намоишгоҳи «Ҳосилот-2012», ки рӯзи 13-уми октябр дар Душанбе сурат гирифт, маҳсулоти кишоварзӣ бори аввал чун осори санъат ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дӯстдорони зебоӣ, аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он тайи чанд соат, ки намоишгоҳ идома ёфт, аз каду, картошка, бодиринг, тарбуз, себ, помидор ва ғайра шаклҳои гуногуни ҳайвонот, сабад, киштӣ, шабпарак ва дигар мавҷудотро омода карда, тарзи бо санъати баланд реза намудани маҳсулоти кишоварзиро нишон доданд.

Иштирокдорон, ки аксарияташон ҷавон буданд, эътироф карданд, ки ба кандакории меваю сабзавот бори аввал машғул шудаанд, вале бо вуҷуд маҳсули меҳнаташон писанди тамошобинон гардид.

Ягона иштирокчӣ аз ноҳияи Ваҳдат, ки худро Салимов Раҷаб муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки ба кандакорӣ ва бо усулҳои хос реза намудани меваю сабзавот мунтазам машғул мешавад. Вай мегӯяд дар Тоҷикистон вақтҳои охир шумораи афроде, ки мехоҳанд дар тӯй ва маъракаҳояшон маҳсулот ба таври «экзотикӣ» реза шуда бошад, рӯ ба афзоиш ниҳодаст: «Ман тарабхона дорам. Вақтҳои охир фармоишҳо оиди ба таври зебо ва бадеӣ реза намудани меваю сабзавот аз ҷониби мизоҷон зиёд шудаанд.»

Санъати ба таври бадеӣ реза ва кандакорӣ намудани меваю себзавот, гарчанде дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бо унвони "карвинг" бисёр маъмул аст, дар Тоҷикистон ин намуди санъат нав рӯ ба рушд ниҳодаст ва аввалин озмуни карвинг дар кишвар дар доираи намоишгоҳи «Ҳосилот-2012» баргузор гардид.

XS
SM
MD
LG