Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Туркия хост, рафтори худро шарҳ диҳад


Русия аз ҳукумати Туркия хостааст, шарҳ диҳад, ки чаро 8 соат нагузошт то дипломатҳои рус бо 17 шаҳрванди Русия мулоқот кунанд. Ин афрод дар дохили ҳавопаймои Сурия буданд, ки зимни парвоз аз Маскав ба Димишқ Туркияро онро бо зӯрӣ дар қаламраваш фуруд овард ва баъди мусодирае бахше аз бори ҳавопаймо, иҷоза дод, роҳашро идома диҳад. Бино ба гузоришҳо, мақомоти Туркия аз дохили ҳавопаймои мусофирбар таҷҳизоти низомӣ ёфтаанд, ки Туркия интиқоли онро аз тариқи қаламраваш ба Сурия мамнӯъ кардааст. Мақомоти Димишқ амалкарди Туркияро “роҳзанӣ дар ҳаво” хонданд. Таниш миёни ин кишвар баъди ҳалокати 5 шаҳрванди осоиштаи Туркия дар як ҳамла аз қаламрави Сурия авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG