Мақомоти расмии Тоҷикистон наворҳои мулоқоту мавъизаҳои рӯҳониёни шинохта бародарон Тураҷонзодаро аз дуконҳои гуногун мусодира кардаанд. Хабаргузории расмии “Ховар” гуфтааст, Корхонаи давлатии “Кино ва видео” ҳамроҳ бо мақомоти интизомӣ, ин наворҳоро, ки “ғайриқонунӣ аз интернет нусхабардорӣ” ва фурухта мешуданд, аз дуконҳо гирифтанд. Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тураҷонзодаҳо, ки як масҷиди бузургашон дар ноҳияи Ваҳдат, аз масҷиди ҷомеъ ба масҷиди панҷавақта табдил дода шуд, чанде пеш ба Русия сафар карда ва дар ҷамъи муҳоҷирони корӣ суҳбату мавъизаҳо карданд.