Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдории хохомҳои яҳудӣ аз мусалмонон дар Ню-Йорк


Иддае аз гуруҳҳои яҳудиву насронӣ ба ҳимоят аз мусалмонон бархоста, дар метрои Ню-Йорк ба ҷонибдории онҳо шиор додаанд.

Дар ҷанги лафзии байнимазҳабӣ, ки муддатест дар метрои Ню-Йорк ҷараён дорад, саҳифаи наве боз шудааст.Бархе аз гурӯҳҳои яҳудиву насронӣ ба эълонҳои зиддиҷиҳодӣ, ки сар аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар метрои Ню-Йорк овехта шудаанд, ҷавоб доданд.

8-уми октябр созмони яҳудии Хохомҳои тарафдори ҳуқуқи башар дар Амрикои Шимолӣ ва созмони насронии Sojourners дар 20 истгоҳи метрои Ню-Йорк эълонҳои худро овехтанд. Хохомҳои яҳудӣ навиштаанд, ки "аз миёни нафрату муҳаббат муҳаббатро интихоб кунед! Дар қатъи таассуб бар зидди ҳамсояҳои мусалмонамон ба мо кумак намоед!"

Дар эълони созмони насронӣ бошад, мехонем, ки "ҳамсояҳои мусалмонатонро дӯст доред!" Ин созмонҳо лавҳаи худро баъд аз насби овезаҳои зиддиҷиҳодӣ дар метрои Ню-Йорк ҷо доданд. Моҳи гузашта созмоне бо номи Ташаббуси Амрикоии Дифоъ аз Озодӣ дар метро лавҳаҳое овехта буд, ки дар он чунин паём навишта шуда буд: "Дар ҷанг миёни инсони мутамаддин ва ваҳшӣ аз инсони мутамаддин пуштибонӣ кунед. Аз Исроил пуштибонӣ кунед! Ҷиҳодро ноком кунед!" Ин лавҳаҳоро баъзе коршиносон тарғиботи зиддиисломӣ унвон додаанд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ масъули овезаҳои зиддиҷиҳодӣ Памела Геллер гуфтааст, сар аз соли 2010-ум дар нақлиёти мусофирбар лавҳаҳои ҷонибдорӣ аз Фаластин овехта шудаанд ва ин ҷавоб ба онҳост. Аммо Раҳел Кан-Тростер, раиси барномаи Хохомҳои пуштибони ҳуқуқи инсон дар Амрикои Шимолӣ, мегӯяд, лавҳаҳои тарғиботии Ташаббуси Амрикоии Дифоъ аз Озодӣ фавқулода ранҷовар мебошанд. Кан-Тростер мегӯяд, овезаҳои зиддиҷиҳодӣ дар байни аъзои созмони онҳо суоли зиёд эҷод намуд: "Мо аз аъзои созмонамон пайваста паём мегирифтем ва онҳо мепурсиданд, ки чӣ кор кунанд, чигуна аз номи яҳудиён ва аз номи хохомҳо ба ин паёми саршор аз нафрат бар зидди ҳамсояҳову дӯстони мусулмонашон ҷавоб диҳанд."

Кан-Тростер мегӯяд, аъзои созмон ба хулоса омаданд, ки лавҳаҳоро маҳкум намоянд. Ба гуфтаи ӯ, аксар сокинони Ню-Йорк яҳудиён, насрониён ва мусулмонҳо аз миёни нафрату муҳаббат муҳаббат ба якдигарро интихоб мекунанд.

Ҷои ёдоварист, ки рӯзи 3-юми октябр ҳам як созмони занони насронӣ дар метро лавҳаҳои худро овехта навиштааст: "Паёми саршор аз нафрат мутамаддин нест!” Ҳамин гуна, чанд созмони дигари насронӣ ҳам дар лавҳаҳои худ навиштаанд: “Ҳамсояатонро ҳамон тавре дӯст доред, ки худро дӯст медоред!”

Идораи метрои Ню Йорк дар ибтидо ба овехтани лавҳаҳои зиддиҷиҳодӣ мухолифат кард, аммо ташаббускорон тавассути додгоҳ идораи метроро ба овехтани лавҳаҳо водор намуданд. Сухангӯи метрои Ню Йорк Аарон Доновон мегӯяд, то ин замон аксар лавҳаҳои зиддиҷиҳодӣ тахриб шуданд ва идораи онҳо маҷбур шуд, лавҳаҳои нав овезад.
XS
SM
MD
LG