Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абу Ҳамза ал-Мисрӣ худро бегуноҳ мешуморад


Абу Ҳамза ал-Мисрӣ
Абу Ҳамза ал-Мисрӣ
Рӯҳонии ифротгарои исломӣ Абу Ҳамза ал-Мисрӣ дар додгоҳи Нюйорк худро бегуноҳ эълон кард. Мақомоти ИМА ӯро бо 11 амали ҷиноӣ ва аз ҷумла кӯшиши бунёди тамрингоҳи шабеҳи ал-Қоида дар хоки ИМА муттаҳам мекунанд. Абу Ҳамза ал-Мисрӣ, ки дар Миср ба дунё омада, бо номи Мустафо Камол Мустафо шинохта мешавад, қаблан имоми яке аз масҷидҳои Британия будааст. Ӯ ҳамроҳ бо чор нафари дигар рӯзи шанбеи гузашта аз Британия ба ИМА интиқол дода шуд. Агар гуноҳи панҷ муттаҳам дар мавриди таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА исбот шавад, онҳо эҳтимол ба ҳабси абад маҳкум шаванд.
XS
SM
MD
LG