Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел гуфт, Юнонро бе кӯмак намегузоранд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аҳд дод, ки кишвараш ҳамчунон ба Юнони дармонда дар мушкилоти молӣ кӯмак хоҳад кард. Хонум Меркел баъди мулоқоташ бо Антонис Самарас, нахуствазири Юнон, дар шаҳри Афина гуфт, ин кишвар дар сарфаҷуӣ аз буҷаи давлат ба пешрафт ноил шудааст, вале боз ҳам бояд ҷамъоварии молиёт ва хароҷот дар сатҳи маҳаллиро дурусттар кунад. Садри аъзами Олмон афзуд, ки Юнон бояд дар ҳавзаи кишварҳои евро бимонад ва Антонис Самарас гуфт, кишвараш дар ниҳоят "як намунаи пешрафт дар Аврупо" хоҳад шуд. Ангела Меркел дар Афина бо тазоҳуроти азиме пешвоз гирифтанд ва пулиси пойтахти Юнон 50 тазоҳургари хашмгинро бо гази ашковар пароканда кард. Аммо дар маҷмуъ тазоҳуроти 50 ҳазор нафарӣ дар Афина ором сурат гирифт. Ангела Меркел ба он хотир дар Юнон маҳбубият надорад, ки мехоҳад, ҳукумати Юнон дар ивази кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо ҳарчӣ бештар сарфаҷӯӣ кунад, вагарна бе кӯмаки молӣ варшикаста хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG