Дар пешорӯи сафари садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба Юнон дар Афина ҳудуди 7 000 афсари пулисро ҷобаҷо кардаанд. Сафари рӯзи сешанбе нахустин боздиди Меркел аз Юнон дар 3 солест, ки ин кишвар ба гирдоби буҳрони қарзҳояш ғарқ шуд. Интизор меравад, дар ин рӯз намоишҳои эътирозӣ алайҳи раҳбари Олмон барпо шаванд. Иттифоқҳои касаба дар сооти мулоқоти Меркел бо сарвазири Юнон Антонис Самарас ба 3 соат корпартоӣ даъват кардаанд. Бисёри юнониҳо Меркелро айбдор мекунанд, ки Юнонро дар ивази ёриҳои ИА ва Сандуқи байналмилалии пул ба тадбирҳои шадиди сарфаҷӯӣ маҷбур кард. Юнон бояд барои даст ёфтан ба 31,5 миллиард евро ёрии навбатӣ хароҷоташро боз 13,5 миллиард евро камтар бикунад.