Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқиқи мӯшикофонаи қазияи марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе амр кардааст. Дар ин бора имрӯз дар мулоқот бо модари Ҳамза - Зулайхо Ҷӯраева – додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода хабар додааст. Ҳамза Икромзодаи 27-сола рӯзи 20 сентябр дар маҳбас даргузашт. Мақомот мегӯянд, ки ӯ худкушӣ кардааст, вале ба бовари пайвандонаш, Ҳамзаро бо шиканҷа куштаанд. Ин қазия мавҷи интиқодҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба бор овард.