Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абушоқур натавонист ҳукумати Либияро ташкил кунад


Конгресси миллии Либия ба ҳукумати муваққат, ки аз тарафи сарвазири мунтахаб Мустафо Абушоқур пешниҳод шуда буд, раъйи мухолиф дода, роҳро барои барканоршавии ӯ боз кард. Ҳангоми овоздиҳӣ 125 вакил мухолиф, 17 вакил бетараф ва 44 нафар ба тарафдорӣ аз ҳукумати муваққат овоз дода буданд.
Ҳукумати зери раҳбарии Абушоқур мебоист тӯли шаш моҳ умури Либияро таҳти назорат гирад. Абушоқур моҳи сентябр сарвазири Либия интихоб шуд, вале дар давоми як моҳ натавонист як ҳукумати қобили қабули тамоми мардуми ин кишварро ташкил кунад. Чанде пеш вакилони мардумӣ ҳайати номзадҳои ҳукумати аввали зери раҳбарии Абушоқурро рад карда буданд.
XS
SM
MD
LG