Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Анна Политковская дар Русия


Дар Маскав, Санкт-Петербург, Воронеж ва дигар шаҳрҳои Русия ёдбуди хабарнигори нашрияи "Новая газета" Анна Политковская баргузор шуд. Ӯ расо шаш сол пеш дар канори манзилаш дар пойтахти Русия ҳадафи тир қарор гирифта буд. Сабабҳои куштори хабарнигори маъруф то ҳол ошкор ва қотилонаш боздошт нашудаанд.

Дар Маскав дар хиёбони Новопушкинский пикет баргузор шуд, ки дар он тақрибан 100 нафар ширкат доштанд. Шаҳрдорӣ бар баргузории ин ҳамоиш иҷоза дода буд. Раиси маркази "Мемориал" Александр Черкасов дар ин ҳамоиш гуфт, ки куштори Анна Политковская бидуни самар таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG