Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоён то Вазиристони ҷанубӣ нарасиданд


Имрон Хон дар ҳалқаи раҳпаймоён
Имрон Хон дар ҳалқаи раҳпаймоён
Ширкаткунандагони раҳпаймоии эътирозӣ алайҳи зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба ҳадафи ниҳоии худ – ба минтақаи Вазиристони ҷанубӣ нарасиданд. Бар пояи хабарҳои ахир, роҳи ягона дар мавзеъи Танги вилояти Хайбар-Пахтунхва, ки раҳпаймоён он ҷо қарор доранд, аз сӯи афроди ношинос баста шудааст.

Раҳпаймоӣ, ки аз сӯи Имрон Хон, сиёсатмадори покистонӣ ва дар гузашта яке аз бозингарони маъруфи крикет, созмон дода шудааст, субҳи рӯзи шанбе шурӯъ шуд. Қарор аст, ки раҳпаймоён дар тақрибан сад мошин ва автобусҳо 400 километр роҳ аз Исломобод то Вазиристони ҷанубиро тай кунанд.

Созмондиҳандагони раҳпаймоӣ мегӯянд, ки бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ теъдоди зиёди мардуми осоишта кушта мешавад. Мақомоти расмии Покистон низ ин зарбаҳоро маҳкум мекунанд ва онро “нақзи истиқлолияти кишвар” мехонанд. Аммо мақомоти низомии ИМА мутмаинанд, ки ин зарбаҳо дар мубориза бо афроди мусаллаҳи мустақар дар марзи миёни Покистону Афғонистон ногузиранд ва дар онҳо асосан толибон ва аъзои дигар гурӯҳҳои ифротӣ ҳадаф қарор мегиранд.

Миёни раҳпаймоён шаҳрвандони ИМА аз созмони зиддиҷангии Code Pink ҳам ҳастанд. Мақомоти маҳаллӣ аз он ҳарос доранд, ки гурӯҳҳои ифротгаро ба эътирозгарон ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG