Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиат ба Раҳмон барои решакан кардани шиканҷа


Созмони Авфи Байналмилал дар зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ӯ хост, барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳои кишвар тадбир биандешад. Дар баёнияи расмии созмон, ки 5 октябр рӯзи таввалуди Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд, Авфи Байналмилал гуфтааст, ки мехоҳад дар ин рӯз сарнавишти қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон ёдрас кунад, ки баъзе аз онҳо то 30 солагӣ нарасидаанд ва баъзеи дигар бо муҳокимаҳои ноодилона ба зиндон андохта шудаанд. Авфи Байналмилал мегӯяд, иттилоъи мӯътамаде дорад, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон даҳҳо нафарро азияту шиканҷа кардаанд. Созмон мегӯяд, маъмурони амниятӣ аз ҷумла барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳе, боздоштшудагонро ба нерӯи барқ мемонанд, лату кӯб ва ё ҳатто таҷовузи ҷинсӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG