Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳо ба шаҳри Ҳумси Сурия шиддат гирифт


Бино ба гузоришҳо, артиши Сурия бо ҳавопаймову тӯпхона шаҳри Ҳумсро ба ҳадде бомборон кардааст, ки тайи 5 моҳи гузаштаи нооромӣ дар ин шаҳр накарда буд. Шаҳри Ҳумс яке аз саҳнаҳои асосии қиёмҳои мардумӣ алайҳи ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, шудааст. Ба тахмини Созмони Милал, баъди шурӯъи ин қиёмҳо дар 18 моҳи пеш дар Сурия бештар аз 20 ҳазор нафар кушта шудаанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди қурбониён бештар аст ва ба 30 ҳазор нафар мерасад. Айни замон шӯришиёни Сурия мегӯяд, як пойгоҳи ҳавоии низомиро дар наздикии шаҳри Димишқ ишғол карданд, ки дар он анбори мушакҳо низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG