Раисиҷумҳури собиқи Филлиппин Глория Арройо дирӯз боздошт шуд. Пулис гуфт, Арройо ба сирқати наздики 9 миллион доллар аз сандуқи лотереяи давлатӣ айбдор мешавад. Аммо ӯ ба иллати маризӣ муваққатан дар бемористон хоҳад монд. Ин алакай севумин дастури боздошти хонум Арройост. Ӯ ду дафъаи қаблӣ ба тақаллуби натоиҷи интихобот, ришвахорӣ ва сӯдҷӯӣ аз қарордод бо як ширкати чинӣ айбдор шуда, бори охир дар моҳи июл баъди 8 моҳи боздошт дар баҳои гарав раҳо ёфта буд. Ҳамагӣ ду рӯз пеш Глория Арройо барои интихоби дубора ба парлумон дар интихоботи моҳи майи соли оянда сабти ном шуд.