Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Маскав ба беҳбуди равобит бо Тифлис


Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Маскав умедвор аст, ки тағйироти баъд аз интихоботи 1 октябри парлумони Гурҷистон ба оддӣ сохтани равобити ин ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Аммо сухангӯи ин вазорат Александр Лукашевич гуфт, ки Русия “рафтори Тифлисро қазоват хоҳад кард, на ҳарфҳояшро.” Баъди ҷанги соли 2008 ва аз сӯи Маскав ба расмият шинохта шудани вилоёти ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубиву Абхозистон равобити дипломатии Русияву Гурҷистон қатъ шуд. Бидзина Иванишвилӣ, ки эътилофи Орзуи Гурҷистони ӯ дар интихобот ғолиб омад, гуфтааст, ки хостори оддӣ сохтани равобит бо Маскав аст.
XS
SM
MD
LG