Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шояд чанд нирӯгоҳи хурду миёна бисозад


Истиқболи Раҳмон аз Путин дар фурудгоҳи Душанбе
Истиқболи Раҳмон аз Путин дар фурудгоҳи Душанбе
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки имшаб вориди Душанбе шуд, имрӯз бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳоти мухталифро баҳс хоҳад кард. Ёвари раисиҷумҳури Русия Юрий Ушаков қабл аз парвози Путинт ба Душанбе дар Маскав гуфт, ки Путин ва Раҳмон аз пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон низ дидан хоҳанд кард. Сарнавишти ин пойгоҳ, ки замони ҳузураш баъди 2 сол ба поён мерасад, аз мавзӯъҳои аслии сафари Путин ба Душанбе унвон мешавад. Ушаков гуфт, имкони бунёди нирӯгоҳҳои хурду миёна дар рӯдҳои дохилии Тоҷикистон ва масъалаи муҳоҷират низ дар рӯзнома ҳаст. Ӯ афзуд, ин сафар дар рӯзи 60-солагии Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ меуфтад ва Путин ҳамтои тоҷикашро ба ин муносибат табрик хоҳад кард. Путинро дар ин сафар як ҳайъати аршад, бо шумули вузарои хориҷаву дифоъ ва иқтисоду энержии Русия ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG