Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри ҷанубии Ҷалолободи Қирғизистон гирдиҳамоии эътирозӣ бо тақозои раҳоии фаврии се вакили мардумии мухолифи ҳукумат доир шуд. Раҳбарони ҳизби Ота Ҷурти мухолифи ҳукумат: Қамчибек Тошиев, Садир Ҷапаров ва Талант Мамитов рӯзи чоршанбе баъди бархӯрди тахминан 1000 эътирозгар бо нерӯҳои амниятӣ дар даромадгоҳи бинои парламенти Қирғизистон боздошт шуда буданд. Эътирозгарон талаб доштанд, ки бузургтарин корхонаи истихроҷи тило дар Қирғизистон миллӣ гардонида шавад. Тошиев ба эътироз пайваста, аз гирдомадагон даъват кард, ки ҳукуматро барканор кунанд. Полис бо истифода аз гази ашковар, тирҳои резинӣ ва сагҳо эътирозро пароканда кард. Дар ин амалиёт якчанд афсари полис ҳам маҷрӯҳ шуданд.