Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба пахши барномаҳо монеа эҷод мекунад


Эрон бори дигар пахши барномаҳои байналмилалии ИМА ба ин кишварро мунҷамид кардааст. Шӯрои мудирони пахши барномаҳои ИМА мегӯяд, эҳтимол эҷоди монеа дар қабули барномаҳои амрикоӣ бо эътирози рӯзи чоршанбе ва боздошти дастаҷамъии эрониҳои гирдомада иртибот дорад.
Рӯзи чоршанбе дар назди бозори бузурги Теҳрон ба нишони поиншавии қурби риёл гирдиҳамоии эътирозӣ доир шуд. Ҳамин манбаъ афзудааст, ки монеа дар қабули барномаҳои форсии Радиои Аврупои Озод–Радиои Озодӣ ва Садои Амрико эҷод шудааст.
Аммо ин амали мақомоти Теҳрон ба барномаҳои дигари ИМА аз ҷумла пахши барномаҳо ба забонҳои гурҷӣ, арманӣ ва забонҳои нимҷазира Балкан тавассути моҳвораи Eutelsat таъсири манфӣ гузоштааст.
Эрон борҳо бо эҷод намудани монеа дар пахши барномаҳои ИМА, шабакаит телевизиони BBC ва телевизиони ал-Ҷазира аз инқилоби баҳори Араб ва бӯҳрони Сурия муттаҳам шудааст.
XS
SM
MD
LG