Маскав НАТО ва қудратҳои дигарро алайҳи ҷустани “баҳона”-и дахолати низомӣ дар низоъи хунини Сурия ҳушдор дод. Муовини вазири хориҷаи Русия Геннадий Гатилов дар мусоҳиба бо Интерфакс гуфт, Русия ҳамчунин мухолифи таъсиси “коридорҳои башарӣ ё минтақаҳои буферӣ”-ст. Ин изҳорот дар пасманзари афзоиши таниш байни Сурияву Туркия бар сари шиллики хумпораест, ки ба дохили Туркия расидааст. Анкара таҳдид кард, ки такрори чунин иқдомҳоро бепосух намегузорад. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ахиран Русияро ба мамониат дар СММ ба талошҳои эъмоли фишор ба режими Башор Асад айбдор кард ва гуфт, мавзеъгирии Маскав ба идомаи хунрезиҳо дар Сурия роҳ мекушояд.
Ҳушдори Русия алайҳи "баҳона"-и дахолат дар Сурия
