Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз бо як сафари дурӯза ба Исломобод меравад. Қарор аст, ки ӯ бо раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ ва сарвазир Раҷо Парвиз Ашраф мулоқот кунад. Вазорати хориҷаи Покистон гуфт, ҷонибҳо вазъи Афғонистон ва ҳам равобити тиҷориву сиёсии ду кишварро баҳс хоҳанд кард. Сафари Лавров ба Исломобод дар ҳолест, ки фармондеҳи ситоди кулли артиши Покистон Ашфақ Парвиз Каёнӣ дар Маскав қарор дорад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар аввали моҳ сафараш ба Исломобод барои ширкат дар нишасти сарони чоргонаи Русияву Покистон ва Афғонистону Тоҷикистонро лағв кард. То ҳол ягон далели рӯшане барои тағйири барномаи сафари Путин эълон нашудааст.