Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина таблиғи ҳамҷинсгароиро манъ мекунад


Парлумони Украина тарҳи қонунеро дар қироати аввал тасвиб кард, ки ҳимояти ошкор аз ҳамҷинсгароиро манъ мекунад. Тарҳи ин қонун “таблиғи гомосексуализм” ва ҳам тасвири мусбати ҳамҷинсгароёнро ҷиноят мешиносад. Тарафдорони тарҳи қонун мегӯянд, “густариши ҳамҷинсгароӣ ба як таҳдид ба амнияти миллӣ табдил ёфтааст”, чунки чунин тарзи зиндагӣ ба тавсиъаи бемории қаттоли ВИЧ/СПИД, тахриби низоми хонаводаҳо ва коҳиши таваллуд хоҳад овард. Барои нақзи ин қонун то 5 сол ҳукми зиндон тақозо шудааст. Баъди тасвиби парлумон дар қироати дувум тарҳи мазкур барои имзои ниҳоӣ ба раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ироа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG