Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 октябр - рӯзи баҳсҳову анҷуманҳо ва ҷашнвораҳо


Имрӯз, 3 октябр, дар Денвер нахустин баҳси телевизионии номзадҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико Барак Обама ва Митт Ромнӣ баргузор мешавад. Имрӯз дар Женева даври нави музокироти Русияву Гурҷистон доир хоҳад шуд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз бо як сафари дурӯза ба Покистон меравад. Имрӯз дар Истамбул анҷумани дурӯзаи Илм барои сулҳ ва дар Женева нишасти Созмони ҷаҳонии тиҷорат оғоз меёбанд. Имрӯз рӯзи гушоиши ҷашнвораи филми Бағдод ва ҷашнвораи меъмории Сингапур аст. Ва 80 сол пеш - 3 октябри соли 1932 - Ироқ аз Бритониё касби истиқлол кард.
XS
SM
MD
LG