Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, эътироф кард, ки дар интихоботи парлумонии ахир эътилофи мухолифи “Орзуи гурҷӣ” пирӯз шудааст. Аз ин эътилофи таъсискардаи миллиардер Бидзина Иванишвилӣ беш аз 50 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.
Ҳизби “Ҷунбиши ягонаи милли”-и раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ тақрибан 40 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Дигар аҳзоби сиёсӣ камтар аз 3 дар сади овозҳоро ба даст овардаанд.
Саакашвилӣ гуфт, ки аз ин баъд “Ҷунбиши ягонаи миллӣ” ҳизби мухолиф дар парлумони кишвар хоҳад буд.
Айни ҳол Комиссиюни марказии интихоботии Гурҷистон нисфи баргаҳои раъйдиҳиро ҳисобу китоб кардааст.
Барои 150 курсии парлумон номзадҳо аз 16 ҳизб талош карданд. Ҳизбе, ки бештари мандаҳои парлумонро соҳиб шудааст, баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 соҳиби қудрат дар Гурҷистон хоҳад шуд, зеро бар пояи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ Гурҷистон ба ҷумҳурии парлумонӣ табдил мешавад.